Total Tax Rate: Андоз дар Тоҷикистон аз вазнинтаринҳо дар ҷаҳон аст
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сарбории андоз ба соҳибкорон - Total Tax Rate миёни 189 давлати дунё ҷои 172-юмро гирифтааст, ки бадтарин нишондод миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ мебошад.
Тибқи ин раддабандӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати аудитории Pricewaterhouse Coopers таҳия шудааст, сатҳи андоз дар Тоҷикистон, солҳои 2011, 2012 - 84,5%, соли 2013-80,9% ва солҳои 2014, 2015-81,8 фоизро ташкил додааст. Таҳиягарони раддабандӣ ҳаҷми андоз аз соҳибкорону корхонаҳое ҳисоб кардаанд, ки аз имтиёзе бархӯрдор нестанд.
Тибқи раддабандӣ сатҳи миёнаи андозбандӣ дар ҷаҳон ба 40,8 дарсад баробар мебошад.
Дар раддабандӣ аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Қазоқистон ҷои 18, Озарбойҷон-34, Гурҷистон-40, Арманистон-41, Русия-47, Белорусия-63, Украина-107, Узбакистон-115 ва Қирғизистон ҷои 138-умро соҳиб шудаанд.
Дар сархати раддабандӣ Қатар бо 11,3% ва Аморати муттаҳидаи Араб бо 15,9 фоизи андозҳо қарор гирифтаанд. Венесуела дар ин раддабандӣ ҷои 188 ва Боливия бо 83,7 фоизи андозҳо ҷои 189-умро гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |