Толибон Юмгонро тасарруф кардаанд: Ёрӣ ҳанӯз нарасидааст...
Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 18 ноябр ба вулусволии Юмгони Бадахшони Афғонистон ҳамла оварда, қисмати асосии он, аз ҷумла марказашро тасарруф кардаанд.
Сахидод Ҳайдарӣ, фармондеҳи пулиси Бадахшон гуфтааст Толибон аз чандин бахш ба Юмгон ҳамла карда, то кунун ба далели харобии ҳаво неруҳои ёрирасон ба маҳал нарасидаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон дар ин даргирӣ 10 тан аз Толибон ва панҷ тан аз неруҳои амниятии Юмгон ҷон бохтаанд.
Вулусволиҳои Вардуҷ ва Ҷурм дар ҳамсоягии Юмгон аз паноҳгоҳҳои Толибон дар Бадахшон ба шумор мераванд ва ҷангҷӯёни Толиб аз ин бахшҳо ҳамлаҳои худро тарроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |