Бонки ҷаҳонӣ: Таъминот бо барқ дар Тоҷикистон аз бадтаринҳост
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ, зери унвони “Пешбурди тиҷорат 2016” таъминот бо барқро дар Тоҷикистон аз бадтаринҳо дар дунё арзёбӣ кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод сатҳи таъминот бо барқ дар Тоҷикистон тайи як соли охир бадтар шуда, аз рӯи дастрасӣ ба нерӯи барқ кишвари мо миёни 189 давлати дунё дар ҷои 177-ум қарор дорад: “Соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи таъминот бо барқ дар зинаи 176-ум ҷой гирифта буд”.
Гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки тибқи мониторинги Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта-18-уми ноябр навоҳии кишвар аз 5 то 8 соат бо барқ таъмин будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |