Изҳороти ошкорои “Telia Sonera” ва шарҳи Бег Сабур дар мавриди сайтбандӣ
Ширкати “Telia Sonera”, ки 60 –дарсади саҳмияҳои «Tcell», калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки бо дастури мақомоти тоҷик даҳҳо сомонаҳоро масдуд кардааст.
“Telia Sonera” 16 ноябр бо пахши як иттилоия дар сомонаи расмияш изҳор доштааст, сиёсати ин ширкат дар кишварҳое, ки фаъолият мекунад, дахолат ва шарҳу изҳороти сиёсиро пешбинӣ накардааст: “Аммо дар доираи яке аз 10 принсипи фаъолияти “Telia Sonera”, ки таъмини озодии баёну мухобирот мебошад, ширкат мунтазам дар мавриди амалҳое, ки метавонанд барои озодии баён пайомадҳои манфӣ дошта бошанд, гузориш медиҳад”.
Дар гузориши “Telia Sonera” омадааст, ки дархосту дастурҳои ҳукумати Тоҷикистон барои бастани сомонаҳо аксаран ҳадафҳои қонунӣ доранд, аммо дар бархе ҳолатҳо мушкилзо мешаванд, чун мухолифи ҳуқуқҳои дигари инсонӣ мебошанд.
“Telia Sonera” мегӯяд, ширкати тобеяш «Tcell» ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта феҳрасти бузурги сомонаҳои интернетиро барои масдудсозӣ дастрас кард: “Бо гузашти вақт ба ин феҳраст сомонаҳои нав ворид мешуданду бархеи дигар дубора дастрас мегардиданд”.
Ба навиштаи ин ширкат теъдоди сомонаҳои баста дар Тоҷикистон тобистони соли равон беш аз 90 ададро ташкил дод ва ахиран-2 ноябри соли равон «Tcell» аз мақомоти тоҷик дастури нав дар бораи масдудсозии сомонаҳо, аз ҷумла vk.com, facebook.com, ok.ru ва odnoklassniki.ru гирифтааст. Тибқи гузориши “Telia Sonera” мақомоти Тоҷикистон дар мавриди муҳлати масдудсозии сомонаҳо иттилое ироа намекунанд.
TeliaSonera афзудааст, ки ба сиёсат дахл намекунад, аммо бо мақомоти кишварҳое, ки ба тиҷорату мизоҷонашон таъсир доранд дар муколомаанд. Ин ширкат ошкоро таъкид кардааст дархосту дастурҳоеро, ки ба назорати озодии баёну мухобирот рабт доранд, то ҳадде иҷро хоҳад кард, ки дар доираи қонун бошанд.
Ин дар ҳолест, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран дар посухи катбӣ дар мавриди сабаби масдудияти сомонаҳои “Озодагон” изҳор дошт, ки “сомонаҳои интернетӣ танҳо ҳангоми нашри маводи паҳнкунияшон мувофиқи талаботи ҳалномаҳои Суди Олии Тоҷикистон манъшуда, баста мешаванд”.
Тибқи иттилои масъулини ин ниҳод феҳрасти сомонаҳое, ки маводи “мамнуъ” нашр мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |