Хайрухуши Э.Раҳмон бо сафири Чин дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябр сафири Чин дар Душанбе, Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми мӯҳлати ваколати сафириаш ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳо бо Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкории пурсамар бо ҳукумати Тоҷикистон тайи 5 соли сафирияш изҳори сипос намуд.
Манбаъ мегӯяд, Фан Сянжун дар навбати худ аз сиёсати дарҳои бози президент ва ҳукумати Тоҷикистон тавсиф намуда, барои чунин сиёсат, ки омили муҳими таҳкимбахшандаи равобити кишварҳо мебошад, изҳори миннатдорӣ кардааст.
Сянжун, ки аз тобистони соли 2010 то ҳол ба ҳайси сафири Чин дар Тоҷикистон фаъолият мекард, афзудааст, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя талош мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |