Писари Оқохони IV дар Душанбе Оҷонсии нав мекушояд

Шоҳзода Ҳусайн, фарзанди саввуми Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон бо сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре аз Бунёди Оқохон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сафари Шоҳзода Ҳусайн аз 16 то 18 ноябр идома хоҳад кард: “Ӯ дар маросими ташкили Оҷонсии нави Оқохон дар умури муҳити зист иштирок хоҳад кард. Фаъолияти Оҷонсии нави Оқохон ба ҳифзи мардум аз офатҳои табиӣ ва муҳайё кардани муҳити зисти бехатар барои сокинон равона хоҳад шуд”.
Мусоҳиби “Озодагон” афзуд, ки Оҷонсии нав тавассути фароҳам овардани шароитҳои молию иҷтимоӣ барои беҳбуди муҳити зисти мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Манбаъ илова кард, ки сафари Шоҳзода ба навоҳии Тоҷикистон ва мулоқоташ бо намояндагони давлатӣ дар назар нест.
Шоҳзода Ҳусайн донишомӯхтаи Академияи Дирфилд буда, соли 1997 коллеҷи Виллиамзро низ хатм кардааст. Ӯ дар бахши фарҳангии Бунёди Оқохон оид ба рушд кор кардааст. Соли 2004 аз Донишгоҳи Колумбия дар риштаи умури байналмилал фориғ шудааст. Пас аз ин ба ҳайси масъули роҳандозии барномаҳои муҳити зисти Бунёди Оқохон фаъолият кардааст.
Роҳандозии Оҷонсии нави Оқохон оид ба муҳити зист дар ҳолест, ки офатҳои табии соли равон дар Тоҷикистон даҳҳо кушта ва садҳо миллион сомонӣ хисорот дар пай оварданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |