Қарори Қодирӣ дар бораи мансаби Озарахш дар ҳукумати Суғд
Озарахш, шоири шинохта, рӯзноманигор ва оҳангсози тоҷик бо қарори Абураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар ҳукумати вилоят мансаб гирифтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Толиб Карими Озарахш, ки аз соли 2002 то ҳол мухбири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” будааст, бо қарори Қодирӣ сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъйин гардид.
Толиб Карими Озарахш, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаҳои корманди шуъбаи суғдии ҷамъияти «Китоб», директори филиали вилоятии коргоҳи истеҳсолӣ-эҷодии «Союзтеатр» ва муҳаррири Телевизиони вилояти Суғд кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |