
Рауф Мазбутов, як сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми шудгори замини боғаш кўзаеро пайдо кардааст, ки дар дохилаш ҷасад доштааст.
Эгам Ҳоҷиев, раиси деҳаи Сандағундаки шаҳри Истаравшан, бо тасдиқи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, 12-уми ноябри соли равон дар боғи Мазбутов Рауф, сокини ҳамин деҳа кўзае пайдо шудааст, ки дохилаш ҷасад будааст: «Мо ба осорхонаи вилояти Суғд доир ба бозёфти мазкур рўзи 14-уми ноябр тариқи телефон муроҷиат намудем ва онҳо гуфтанд, ки рўзи душанбе ба деҳаи мо меоянд».
Рауф Мазбутов, бошандаи 44-солаи ҳамин деҳа дар як сўҳбати телефонӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, 12-уми ноябр, тахминан соати 12:30 дақиқа ҳангоми шудгори замини боғ бели ў ба як чизи сахте расидааст: « Баъдан, пораи кўзаеро пайдо кардам ва шавқманд шуда, ба кофтан сар кардам, ки як хуми калон баромад. Сипас, онро тоза карда, аз дохилаш скелети одамро пайдо кардам. Аввал, косахонаи сар ва баъдан, қисмҳои дигари устухонро ёфтам».
Ҷаноби Мазбутов афзуд кўза шикастагӣ набуд, танҳо қисми болоии он осеб дида буд, аммо зимни шудгор ӯ надониста кӯзаро шикастааст. Ин сокини Истаравшан илова намуд, ки заминашро тақрибан 15 сол пеш гирифтааст ва аз рўйи гуфтаи солхӯрдаҳо, дар ин майдон 100 - 200 соли ахир қабристоне набудааст.
Акрамҷон Табуров – омўзгори фанни таърихи мактаби №17-и деҳаи Сандағундак, дар робита ба ин бозёфт мегӯяд: «Ин албатта тадқиқотро талаб мекунад. Ин бозёфте, ки ҳоло мо шоҳид гаштем, ҷасад дар дохили кўзае, ки ҳаҷман калон асту тахминан зиёда аз 1 метр баландӣ дорад, тибқи расму русуми дини Ислом тамоман қобили қабул нест».
Табуров мегӯяд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин бозёфт аз тамаддуни исломӣ пештар буда, шояд ба асрҳои IV-V пеш аз милод ва ё аз он ҳам пештар тааллуқ дорад: “Чун кўзае, ки мо имрўз дар ин ҷо дидем, комилан тарзи кўзасозӣ ва зарфсозии асрҳои пеш аз исломиро ба мо нишон медиҳад ва албатта, инро агар олимон тадқиқ кунанд, мумкин як бозёфти аҷоиби илмӣ дар Тоҷикистони мо шавад”.
Аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба «Озодагон» гуфтанд, ки аз кўзаву макони дарёфти имрӯз, 16-уми ноябр боздид хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки ҳанўз дар оғози моҳи апрели соли 2014 сохтмончиёни тоҷик зимни бунёди манзили истиқоматӣ дар ҷамоати Қалъаи Манораи шаҳри Истаравшан кўзаи пурганҷеро ёфтанд, ки 1461 тангаи қадимии мисин дошт. Пас аз ташхиси мутахассисони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, замони истеҳсол ва арзиши тангаҳо муайян гардида, онро ба давраи «Шайбониён» муталлиқ донистанд. АКСУ ВИДЕОҲОИ БОЗЁФТ ДАР ИСТАРАВШАН:
Мӯҳр