Юнусов: Қиморбозеро, ки бо шиносномаам боздошт шудаст, намешиносам (АКС)
Мухторҷон Юнусов, соҳибкори тоҷик аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, нафареро, ки мақомоти қазоқ дар фурудгоҳи Алмаато боздошт кардаанд, намешиносад.
Ӯ мегӯяд, шиносномаашро тобистони соли равон гум карда буд ва ахиран тариқи хабаргузории “Озодагон” огоҳ шуд, бо шиносномаи ӯ дар Қазоқистон нафареро боздошт кардаанд, ки ба ин кишвар барои қиморбозӣ рафтааст: “Тобистони соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз шаҳри Алмаато ба Душанбе шиносномаамро, ки дар дохилаш як миқдор маблағи тоҷикӣ ва қазоқӣ буд, гум кардам. Дар хабар нафари боздоштшуда гуфтааст, ки гӯиё дӯсти ман мебошад, вале ман ӯро намешиносам”.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Хадамоти марзбонии Кумити амнияти Қазоқистон аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки қасд доштааст, бо шиносномаи шахси дигар вориди Алмаато шавад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод 13 ноябр тақрибан соати 16:30 марзбонҳои қазоқ мусофири хатсайри “Душанбе-Алмаато”-ро боздошт намудаанд, ки зимни санҷиш шиносномаи шахси дигарро пешниҳод кардааст.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон ин нафар қаблан борҳо бо шиносномаи худ, ки моҳи сентябри соли 2010 барои 5 сол дода шудааст, вориди Алмаато шудааст ва бори охир Қазоқистонро моҳи ноябри соли 2014 тарк кардааст: “Зимни сафари навбатӣ ӯ шиносномаро пешниҳод кард, ки моҳи июли соли 2014 ба номи шахси дигар-Юнусов Мухторҷон, соли таваллудаш 1984, дода шудааст”.
Хадамоти марзбонии Кумитаи амният мегӯяд, боздоштшуда иқрор кардаст, ки шиноснома аз як дӯсти ӯ мебошад. Ӯ афзудааст, ки ба Алмаато барои бозӣ дар қиморхона омадааст.
Мақомоти Қазоқистон таъкид мекунанд, ки дар пайи анҷоми расмиёт ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан ихроҷ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |