Посухи ВКД ба ҳамсари норозии Буриев, полковники кушташуда дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Рано Ахмедова, ҳамсари норозии Дмитрий Буриев, полковники кушташудаи “ОМОН” дар амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим посух додааст.
Рано Ахмедова дар суҳбат бо ВАО аз он изҳори норозигӣ кард, ки ӯро ба тамрини мулоқоти президенти Тоҷикистон бо наздикони қурбоншудаҳо дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим даъват кардаанд, аммо ба худи мулоқот роҳ надодаанд. Инчунин Ахмедова изҳор доштааст, аз кӯмаки моддие, ки ҳукумати Тоҷикистон ба наздикони қурбоншудагон ироа кардааст, бархӯрдор нашудааст. Ӯ ҳамчунин аз он интиқод намудааст, ки вақти интиқоли Буриев ба сардхона касе дар баробари гирифтани телефон пойпӯшҳои ӯро низ кашида гирифтааст.
Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 14 ноябр бо пахши як иттилоия дар посух ба иддаои Ахмедова изҳор доштааст, ки “сару либос, телефон ва дигар ашёи марҳум Дмитрий Буриев тибқи тартиби муқарраргардида, барои муоина ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи ҳарбӣ дар пакети махсус гирифта шудааст”.
Ин ниҳод афзудааст, ки марҳум Дмитрий Буриев моҳҳои охир бо ҳамсараш зиндагии якҷоя накардааст ва тайи се рӯз касе ба суроғи ҷасадаш, ки дар сардхон буд, наомадааст: “Бояд қайд кард, ки Дмитрий Буриев аз моҳи апрели соли ҷорӣ то замони марг дар утоқи кориаш, дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия зиндагӣ мекард ва ӯ бо ҳамсараш Рано Ахмедова зиндагии якҷоя надоштанд. Сару либос ва дигар ашёҳои лозимии Буриев Дмитрий дар утоқи кориаш нигоҳ дошта мешуд”.
Вазорати умури дохилӣ таъкид кардааст, “тайи се рӯз, ки ҷасади марҳум Буриев дар сардхона меистод, оиди гирифта, гӯрондани ӯ ягон нафар муроҷиат накардааст. Тамоми хароҷоти маросими гӯронидани Дмитрий Буриевро Вазорати корҳои дохилӣ ба зимма гирифта, бо иштироки роҳбарияти Вазорат, ҳайати шахсии мақомот ва дигар дӯстону рафиқонаш, марҳум пас аз маросими видоъ ва арҷгузорӣ, дафн карда шуд”.
Дмитрий Буриев, сардори ситоди “ОМОН”-и Тоҷикистон аз нахустин қурбониёни амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим буд, ки субҳи 4 сентябр дар гардиши фурудгоҳ ба ҳалокат расид. Акс аз сомонаи Азия Плюс
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |