Ҷасади Муаммар Қаззофӣ, собиқ раҳбари инқилоби Либия, ки рӯзи 20-уми октябр дар Сирт ба ҳалокат расида буд, имрӯз ба хок супорида мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ майити вай шаби гузашта аз Мисрата ба ҷои дигар интиқол дода шуд. Як намояндаи расмии Шӯрои миллии гузор гуфтааст, ки Муаммар Қаззофӣ дар биёбон дар ҷои номаълум дафн карда мешавад. Писари вай Муътасим ва як нафар аз ҳамроҳонаш низ дар ҷои номаълум ба хок супурда мешаванд. Бино ба навиштаи расонаҳо ва тахмини коршиносони сиёсӣ, қатли Қаззофӣ ба даргириҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия хотима хоҳад гузошт.{jathumbnail off}
Мӯҳр