Дастур: Ҷойҳои намозгузориро дар Душанбе давлатӣ мекунанд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, биноҳои ҷойҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, ки аксаран чун ҷойи намозгузорӣ истифода мешаванд, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ истифода гарданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба раисони 4 ноҳияи пойтахт дастур додаст, бинои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки аксаран ғайримақсаднок истифода мешаванд, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳангию фароғатӣ, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиркунии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор бурда шаванд.
Убайдуллоев афзудааст, ки биноҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ тариқи муроҷиат ба суд ба моликияти давлат ворид гарданд. Ӯ таъкид кардааст, ки баъди қувваи қонунӣ гирифтани санадҳои судӣ мақомоти дахлдори шаҳрӣ биноҳоро бо риояи талаботи сохтмонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва зидди сӯхтор таъмиру таҷдид намуда, истифодабарии мақсадноки онҳоро ба роҳ монанд.
Раиси Душанбе илова намудааст, ки бино ва иншооти ғайриқонунӣ сохташуда ва ба меъёрҳо ҷавобгӯнабуда бартараф карда шаванд. Убайдуллоев муовини худ Ҷамила Лангариеваро масъули иҷрои ин қарор таъин кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |