Вақти оғози дарс дар Душанбе тағйир ёфт
Вазорати маорифи Тоҷикистон дар пайи дархости ҳукумати шаҳри Душанбе вақти оғози дарс дар донишгоҳ, донишкада ва коллеҷҳои ҳудуди пойтахтро тағйир додааст.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз рӯзи душанбе, 16-уми ноябри соли равон дарсҳо дар донишгоҳ, донишкада ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе аз соати 7:30 дақиқаи субҳ оғоз мешаванд. Манбаъ афзуд, ин тасмим ба мактабҳои миёнаи пойтахт ва муассисаҳои таълимии минтақаҳои дигари кишвар рабт надорад.
Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ҷилавгирӣ аз танбашавии мошинҳо ва беҳбуди мусофиркашонӣ дар пойтахт хостори таҷдиди назари оғози соатҳои дарсии донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди пойтахт шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки феълан дар бештари донишгоҳҳои кишвар дарси донишҷӯён соати 8:00 оғоз мешавад ва ба гуфтаи бархе аз онҳо мушкили нақлиёт сабаби аз дарсҳо дер монданашон мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |