ВКД: Омилони қатли кормандони комиссариат ошкор шуданд
Вазорати умури дохилӣ аз боздошти Умедҷони Амрохон, сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки бо шарикаш дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар Душанбе айбдор мешавад.
Тибқи иттилои ВУД Умедҷони Амрохон, ки муваққатан дар Душанбе истиқомат мекунаду расман бекор мебошад, имрӯз, 13 ноябр дастгир шудааст: “Боздоштшуда ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки айни ҳол дар кофтукоб қарор дорад, содир намудааст. Сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад. Нисбати далели мазкур паравндаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи "Озодагон" теъдоди ҳамлагаронро ба кормандони комиссариат се нафар арзёбӣ карда, афзуданд, ки “муноқиша зимни талоши кормандони комиссариат барои муайянсозии шахсият сурат гирифтааст”.
Тибқи иттилои қаблии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамлаи маргбор ба афсарони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр рух додааст. Тибқи иттилои ин ниҳод афроди номаълум дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои иттилоъ дар бораи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон карда, навореро нашр намуд, ки дар он гӯиё яке аз муттаҳамон сабт гардидааст. Дар навор ҳаҷми ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ эълон шудааст, аммо баъдан ВКД бо нашри як иттилоия онро то 10 ҳазор доллар боло бурд:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |