Бахшҳо

Сокини Душанбе, ки дар Русия ба ДИИШ пайваст дар Афғонистон боздошт шудаст

Неруҳои амнияти миллии Афғонистон зимни як амалиёти вижа Нусратуллоҳ Кенҷаев, як шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Тахор боздошт кардаанд.

Тибқи навори пахшкардаи мақомоти амнияти Афғонистон боздоштшуда, худро Нусратуллоҳ фарзанди Шариф, сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ кардаст.

Ӯ мегӯяд, аз тариқи кишвари Эрон ба ҳадафи омӯзишҳои низомӣ ва пайвастан ба гуруҳи “Давлати исломӣ” вориди хоки Афғонисон шудааст. Ӯ тасмим доштааст, ки бо вуруд ба вулусволии Дашти Арчии Қундуз аз тариқи вулусволии Хоҷаи Ғори Тахор дар фаъолиятҳои ҳаросафканӣ иштирок кунад.

Тибқи навори нашркардаи мақомоти Афғонистон шаҳрванди Тоҷикистон эътироф кардааст, ки муддати 1 солу ду моҳ дар кишвари Русия кор карда ва ҳудуди як моҳ аз тариқи интернет бо Муҳовия, раҳбари гуруҳи ДИИШ дар Афғонистон иртибот доштааст.

Нусратуллоҳ гуфтааст, ки раҳбари ДИИШ ӯро ба ҷиҳод даъват карда ӯ розӣ шудааст, аммо барояш то ба Афғонисон расидан пул лозим шудааст.

Афроди гуруҳи ДИИШ 20 ҳазор рубли русиро ба ҳисоби бонкии Нусратуллоҳ фиристодаанд ва ӯ низ аз тариқи Озарбойҷон вориди кишвари Эрон шудаст. Нусратуллоҳ гуфтааст, ки пас аз муддате иқомат дар Эрон бо ҳавопаймо вориди Афғонистон шуда ва афроди ДИИШ барояш ду шумораи телефон додаанд, то ба хотири пайвастан ба ин гуруҳ бо онҳо тамос гирад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон аввал ба Қундуз рафта, вале ӯро дубора ба Тахор фиристодаанд то ба Дашти Арҷӣ биравад, аммо неруҳои амнияти миллии Афғонистон ӯро боздошт кардаанд.

Нусратуллоҳ Кенҷаев мегӯяд, Муҳовия, ки ӯро ба ДИИШ ҷалб кардааст, тоҷик аст, вале намедонад, аз куҷои Тоҷикистон.

Ин боздошт дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ аз Тоҷикистон беш 500 шаҳрванд ба ДИИШ пайвастаанд, ки бисёрашон аз Русия ба ин ҳаракати террористӣ ҷалб шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)