Имзои 8 созишнома дар Покистон: Аз истирдоди маҳбусон то баҳси барқ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Навоз Шариф, сарвазири Покистон дар мулоқоти як ба як ва бо иштироки ҳайати васеи ду кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Муҳаммад Навоз Шариф дар оғози суҳбат, дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки шумо Покистонро метавонед хонаи дуюми худ шуморед ҳамон гуна, ки мо Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонем.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ кардааст: “Таъкид гардид, ки дар давоми 23 соли муносиботи дипломатӣ то ба ҳол беш аз 40 санади дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидаанд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 18 миллиони доллар дар соли 1998 то 89 миллион доллар дар соли 2014 афзудааст”.
Навоз Шариф изҳор доштааст, ки барои расидан ба 500 миллион доллар гардиши мол миёни ду кишвар, ки қаблан ҳадаф гузошта шуд, бояд талошҳои бештар роҳандозӣ шаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Навоз Шариф бинобар норасоии зиёди неруи барқ дар Покистон ба тезондани корҳо барои кашидани хатти барқии CASA-1000 мароқи зиёд зоҳир намуд: “Тибқи тасмими ду ҷониб ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейтаи Покистон бояд хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ кушода шаванд”.
Ба гуфти Навоз Шариф “Покистон омода аст, ки дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад”.
Инчунин дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳарду ҷониб терроризм ва ифротгароиро хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳамдигар номида, омодагӣ ва ҳавасмандии ҷиддии худро ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳа таъйид доштанд: “Дар ин робита таъкид гардид, ки Тоҷикистону Покистон ба таҳкими амну субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард”.
Дар анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Навоз Шариф даъват намудааст, ки дар мавриди муносиб ба Тоҷикистон ташрифи ҷавобии давлатӣ оварад. Навоз Шариф даъватро пазируфта, барои иштирок дар маросими оғози кашидани хатти барқии CASA-1000 дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард.
Манбаъ афзуд, ки пас аз анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф 8 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба имзо расидаанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори санадҳои имзошуда номбар кард:
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
- Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаи тиҷорат ва саноати Покистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқотии илмӣ ва саноатии Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истифодабарии растаниҳои таҳҷоӣ ва ғайритаҳҷоии давоӣ барои тайёр намудани доруҳои гиёҳӣ;
- Барномаи ҳамкории илмӣ миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи табиати Покистон.
Феълан сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |