Ҷиноят ва ҷазо: Подоши заҳмати устод ин аст?
Атохон ҒАНИЕВ
Ҳикояте ба хотирам омад. Амиреро ба хотир расид, ки замоне устодаш вақти дарс ӯро бо химча зада буд. Чун ин амр ба ёдаш омад, дарҳол нафареро аз паи устоди хеш фиристод.
Вақте фиристода расид ва хабар ба устоди амир расонид, устод ба фаросат дарёфт, ки ҳадафи амир чист. Себеро ба бағал гирифт ва ба даргоҳи амир ҳозир шуд.
Амир устодро гуфт, ки ёд дорӣ ки замоне маро бо химча зада будӣ?
Устод себро аз бағал берун оварду гуфт:
-Самараи он химча ин меваест, ки акнун дар дасти ман мебинӣ.
Амирро ҷавоби устод хуш омад, ӯро узрхоҳӣ кард ва барояш нафақа таъйин кард.
Агар хато накарда бошам, тақрибан мазмуни ҳикоят чунин аст. Ин ҳикоятро аслан замони кӯдакӣ хонда будам ва то ҳанӯз он аз хотирам нарафтааст.
Сабаби ба хотир оварданам мурофиаи судиест, ки рӯзи 10 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар курсии айбдорӣ Асламшо Султоншоев, омӯзгори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов нишастаст, ки дар латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов муттаҳам мешавад.
Намедонам дигарон онро чӣ гуна қабул карданд, вале ин хабар маро ниҳоят ба изтироби сахт овард.
Чаро омӯзгоре, ки соҳиби таҷрибаи зиёди педагогӣ аст ба ин амал даст зад?
Чаро инсоне, ки ба гуфти ҳамкоронаш шахси хоксор асту рӯзи мурофиа низ баъди гузарондани дарс ба суд ҳозир шудааст, даст ба сари шогирд бардошт?
Ин суолҳоест, ки посухи онҳо таҳқиқи ҷиддиро мехоҳад ва дар доираи як матлаб ҷавоб гуфтан душвор аст.
Аслан устод ба монанди боғбоне аст, ки мехоҳад ниҳолакони боғи ӯ самараи хубе оварад. Боғбон интизори меваи пухтарасидаи бенуқс аст, аммо умеди устод тарбияи шогирдони боақлу ботамиз ва нек аст. Вале ҳеч боғбоне намехоҳад, ки дарахтони боғи ӯ бесамар бошанд ё самараи нохуб диҳанд.
Ҳамчунин устод низ талош меварзад, ки шогирдони некро ба камол расонида, подоши заҳмати худро бубинад ва шод шаваду шукр гӯяд.
Барои ман, ки назди устодони зиёде дарс омӯхтаву то ҳанӯз меомӯзам, ҳар як устод қадри хосе дорад. Ва барои худам иҷоза намедиҳам, ки ҳатто дар ғоибаш устодеро ба бадӣ ёд кунам.
Зеро ба хубӣ дарк мекунам, ки:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Агар устодони меҳрубони мо намебуданд, аз куҷо мо илм меомӯхтему роҳи дурустро дармеёфтем ва ба ҷое мерасидем?! Бо меҳру муҳаббат устодони мактаби миёнаро ба ёд меорам, ки гуё бо тамоми вуҷуди худ барои пешрафти мо заҳмат мекашиданд. Шодии мо мо-шодии онҳо буду аз мушкилоти мо азият мекашиданд.
Он замон устод қадр дошт, мавқеъ дошт, обрӯю эътибор дошт.
Шогирде ҷуръат намекард, ба рӯи устод сахт нигарад ва ӯро масхараву таҳқир кунад.
Чаро акнун замоне фаро расида, ки шогирдон нохалафанду устодон хашмгин?
Ё чаро шогирдон устодро масхара мекунанду ӯ хамуш?
Ё чаро ба хотири дермониву беадабии шогирд устод бояд чанд сол дар зиндон бошад?
Ҳодисае, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов ба вуқӯъ пайваст, инъикосгари ҳаёти имрӯзаи мост.
Ман албатта тарафдори латукӯби муаллимон нестам, зеро ин роҳи тарбия нест.
Аммо ман сари он мендешам, ки чаро акнун муаллимон то ин андоза беқадр шудаанд, ки суханашон ба шогирд таъсир надорад. Аксар вақти сӯҳбат бо устодони мактабҳои оливу миёнаи ҷумҳурӣ онҳо аз беадабиву бефарҳангии шогирдон шикоят мекунанд ва мегӯянд, кор ба ҷое расида, ки андаке баландтар гап занӣ, дарҳол аз чанд “ҷой” таҳдиду таъна мешунавӣ. Гапи онҳо асос дорад. Зеро аксари волидоне, ки соҳибмансабу пулдоранд, фарзандонашонро дар руҳияи худпарастиву густохӣ ва беҳаёӣ тарбия мекунанд. Ва чун фарзанд дар чунин муҳит ба воя мерасад, нисбати устоди худ бидуни эҳтиром ва шарму ҳаё муносибат мекунад. Ӯ эътимоди комил дорад, ки пуштибоне дорад, ки дар ҳар ҳол варо дастгирӣ хоҳад кард.
Ман тарафдори задани устод нестам, вале Асламшоев танҳо нафаре нест, ки ба рӯи шогирд зада бошад. Агар ҳар як устодро шогирдонаш ба навор гирифта дар шабакаи интернет паҳн кунад, оқибат чӣ хоҳад шуд?! Он гоҳ дар додгоҳҳо танҳо парвандаи муаллимонро баррасӣ хоҳанд кард. Оё он шогирде, ки бо дермонии худ сабаби ин қазия шуд, аз карда пушаймон нест? Ва ё он шогирде, ки устоди худро ба навор гирифту дар интернет паҳн кард ва сабаби рехтани обрӯи устод шуд, акнун хиҷолат намекашад? Зеро акнун бо сабаби ӯ шояд устод чанд сол паси панҷара нишинаду аз пайвандони худ зиндаҷудо гардад.
Дар хабари нашршуда омадааст, ки “мувофиқи моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ, ки Асламшоев аз рӯи он айбдор мешавад, ҷазо аз ҷаримаи камтарин-250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо(10 ҳазор сомонӣ) то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Моддаи 174 пешбинӣ кардааст, ки иҷро накардани уҳдадорӣ аз сӯи омӯзгор, "агар бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".
Оё устод ба ин ҷазо сазовор аст? Оё подоши заҳмати устод магар ин аст? Ба навор гирифтану дар интернет паҳн кардани устод қаҳрамонӣ нест ва ин “ғалаба” монанди ҳубобест, ки дарҳол аз байн меравад. Вале умри барҳадар рафтаи устодро кӣ ҷуброн хоҳад кард?!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |