АКС: Э.Раҳмон дар Исломобод бо Н.Шариф ва Мамнун Ҳусейн мулоқот мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро шоми 11 ноябр дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Навоз Шариф, сарвазири Покистон истиқбол гирифтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон барои пешвози Э.Раҳмон дар фурудгоҳи Исломобод горди фахрӣ саф ороста , аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатии меҳмонони олимақом аст.
Манбаъ мегӯяд, мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Покистон имрӯз, 12-уми ноябр оғоз меёбанд: “Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазир ва Президенти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусейн вохӯриҳо анҷом диҳад. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Сарвазири Покистон санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар доираи ин сафар баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Покистон дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкории босамар ва ба миён омадани робитаҳои мустақим миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нав, Усмонали Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурмаҳмад Ахмедов, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |