Tcell Яғнобро бо алоқаи мобилӣ таъмин кард
Ширкати Tcell нахустин шуда, дараи Яғноб, аз дурдасттарин минтақаҳои Тоҷикистонро бо алоқаи мобилӣ таъмин кард.
Тибқи иттилои ширкат алоқаи мобилӣ дар ин минтақаи куҳӣ авохири моҳи октябр роҳандозӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, мутахассисон роҳи таъмини 13 деҳаи хурди Яғнобро бо алоқаи мобилӣ омӯхта, дастгоҳи алоқаи мобилиро дар баландии 3010 метр дар деҳаи Қашӣ насб карданд, ки бо нерӯи офтоб кор мекунад.
Дараи Яғноб яке аз минтақаҳои куҳии кишвар воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, шимоли Тоҷикистон мебошад, ки бо боридани барфи аввал иртиботи сокинонаш бо навоҳии дигари кишвар қатъ мешуд. Бинобар ҳамин ба роҳ мондани алоқаи мобилӣ дар ин минтақаи куҳӣ барои огоҳ шудани аҳолӣ аз ҳолу аҳволи якдигар ва пайвандони хеш муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |