Н.Саид баҳои ғайривоқеиро хатар ба истиқлолияти давлат хонд
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагон дар муассисаҳои таълмии кишвар интиқод кард.
Тавре аз Вазорати маориф, имрӯз, 11 ноябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Нуриддин Саид зимни вохӯрӣ бо маорифчиёни вилояти Хатлон дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Восеъ изҳор дошт, ки баҳои ғайривоқеии омӯзгорон ба дониши талабаҳо ба Истиқлолияти кишвар хатар дорад: “Агар аз ин амал, яъне, номувофиқ гузоштани баҳо ба дониши хонандагон ҷилавгирӣ накунем, истиқлолияти кишварро зери хатар мегузорем”.
Нуриддин Саид таъкид намудааст, ки мо бояд ҳар чӣ бештар роҳҳои ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда ва пешрафти корро муайян намоем: “Масъалаи дигаре, ки имрӯз ташвишовар гаштааст, ба кӯркӯрона интихоб намудани касб рабт дорад. Низоми имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ бори дигар инро собит сохт. Фаҳмондадиҳӣ бояд дар ин самт бештар гардад”.
Вазири маориф масъулини соҳаро даъват намудааст, ки алайҳи зуҳуроти хешутаборчигӣ, бегонапарастӣ ва гаравидан ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунанду бо ин мақсад китобхонаҳои мактабиро бо китобҳои бадеӣ бештар таъмин кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |