Ҷаҳиши пасипардагии қурби доллар дар Душанбе
Қурби воқеии доллари амрикоӣ дар бозори нақди Тоҷикистон боло рафта, имрӯз, 11 ноябр 1 доллар дар саррофиҳои Душанбе то 6,85 сомонӣ харид ва бо арзиши то 6,93 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки расман ташкилотҳои қарзӣ, ки аз 26 октябр ҳаққи муайян кардани қурби долларро доранд, арзиши асъори амрикоиро дар лавҳаҳояшон аз 6,71 то 6,75 сомонӣ муайян кардаанд. Аммо хабарнигори “Озодагон”, ки ба суроғи доллар ба саррофиҳои Душанбе рафт, муайян кард, ки бисёри онҳо долларро ба ивази 672 сомонӣ мехаранду 693 сомонӣ мефурӯшанд.
Қурби 1000 рубли русӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт поин рафта, ба 104-106 сомонӣ баробар шудааст.
Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон, ки тайи моҳҳои охир қурби долларро дар бозори нақди кишвар худаш муайян мекард, эълон намуд, ки аз 26 октябри соли 2015 қурби долларро боз худи ташкилотҳои қарзӣ муайян мекунанд. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: “Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |