Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ ба хабарнигорон гуфт, ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҷараёни ин сафар ният доранд, сари масоиле чун ташвиқи ӯҳдадориҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, муаррифии лоиҳаи минтақавӣ бо ибтикори намояндагии раёсат дар Афғонистон, чораҳои таҳкими эътимод бо мақомоти салоҳиятдори кишварамон гуфтугӯ кунад. Маврид ба ёдоварист, ки зарфи як ҳафтаи охир ин дуюмин сафари расмии роҳбарони олирутбаи ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Тоҷикистон аст, ки ҳамкориҳои марбутаро мавриди сӯҳбат қарор медиҳанд. Рӯзи шанбеи гузашта сафари муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон, генерал-полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ анҷом гирифта буд, ки хотимаи он имзои як санади ҳамкорӣ миёни ин вазорат ва Агентии назорати маводи нашъаовар буд. Гуфтанист, Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ яке аз он чор сарвари идораҳои вижа аст, ки зери паймони квартети зиддинашъа - Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон имзо гузоштааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |