Талоши бо зӯрӣ гирифтани хуни волидони Умар дар Санкт Петербург
Мақомоти пулиси Санкт Петербург субҳи имрӯз, 10 ноябр волидони Умари марҳум-Рустам Назарову Зарина Юнусоваро ба озмоишгоҳи кимиёӣ-токсикологӣ оварда, барои супоридани хун маҷбур карданӣ шудаанд.
Дар ин бора расонаҳои Санкт Петербург иттилоъ дода, афзуданд, ки танҳо вакилони дифои ҷабрдидаҳо, ки саривақт расидаанд, монеи ин амал шудаанд.
Ба гуфтаи вакилони дифоъ мақомот талош доранд, ки бо ҳар роҳ масъулияти марги Умаралии 5-моҳаро ба дӯши волидон бор кунанд.
Ахиран Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назарови 5 моҳа изҳор дошт, ки муфаттишон ба ӯ гуфтаанд зери ҳуҷҷате имзо гузорад, ки гӯиё худаш фарзандашро куштааст. Қаблан мақомоти Русия натиҷаи ташхиси тиббиро нашр намуданд, ки гӯиё Умаралӣ бар асари иммунитети заиф ва таъсири ситомегаловирус ба аъзои баданаш даргузаштааст.
Аммо хабаргузории “lifenews78.ru” аз қавли намояндагони диаспораи тоҷикони Русия навиштааст, ки ба натиҷаи ташхиси тиббӣ бовар надошта, мехоҳанд мустақилона ташхиси дигар гузаронанд.
Инчунин 11-уми ноябр Павел Астахов, омбудсмени кӯдак дар Русия бо сафари корӣ ба Санкт Петербург хоҳад рафт. Ӯ аллакай гуфтааст, аз пулис якчанд суол мекунад, ки дар кадом асос кӯдаки 5 моҳаро ба шӯъбаи пулис бурдаанд ба намояндагони қонуниаш насупоридаанд.
Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи Тоҷикистону Русия вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |