Бахшҳо

Убайдуллоев додани замин ва иҷозаи сохтмонро мавқуф гузошт: Нархи хона боло меравад?

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ҷудо намудани қитъаҳои замин ва иҷозати сохтмони иншооти истиқоматию ғайриистиқоматиро дар пойтахт мавқуф гузоштааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ баррасии масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе аз 12 ноябри соли равон мавқуф гузошта мешавад.

Убайдуллоев дар қарораш сабаби ин иқдомро таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншооти инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ кардааст.

Ӯ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанберо вазифадор кардааст, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тибқи тартиби муқарраргардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод созад: “Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хулосаҳои асосноки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»,Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Душанбегаз», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», Корхонаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдорро оид ба масъалаи батанзимдарории нақшаҳои муфассали банақшагирӣ дастрас намуда, санадҳои пешниҳодшавандаро бо инобати ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда, барои тасҳеҳи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва тартиби амалигардии минбаъдаи он, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд”.

Қарори Убайдуллоев дар бораи мавқуф гузоштани ироаи замин ва иҷозати сохтмон дар пойтахт дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон агар ин иқдом тӯл кашад, метавонад боиси болоравии нархи хонаҳо дар Душанбе шавад. Ба гуфтаи бархе коршиносон нархи хонаҳо дар пойтахт дар пайи таъсири буҳрони иқтисодӣ поён рафтааст, аммо агар сохтмонҳои нав қатъ шавад, нархҳо метавонанд боз боло раванд, чун тибқи талаботи бозор агар пешниҳоди мол кам шавад, нархаш боло хоҳад рафт.
Мӯҳр
Бо ин қарор хонаҳои аз савдо мондаи ро мефурӯшанд. дигар ҳамааш баҳонае беш нест

Олим
Стафкаи замин фуруши бардот

Кай ин Хукуматдорон фикри мардумро мекардабошаад , хамавак нафьу фоидуву чайби хууд эээ бас будагист охиир мо насли чавонони бехонаву дар кай сохиби кулбача мешудабошеесм.

Кани хамони пуле, ки мардум хона харад, охир. Россия корош дуд касос, дигар чойхо хам хама кризис....

Абдуллох
Хулоса онхо намехоханд,ки дар Душанбе хона арзон нашавад! Ин Хукумат ах фикри мардумро намекунад факат фикри худашонро мекунанд

Ба фикрам нархи хона арзон шуду сейфи холи! Шояд хонахои сохтагиашонро фурушанд баъдан боз сохмонро огоз мекунанд !

Асими
Хамин Чаноби Махмадсаид Убайдуллоев хич шахрдориро наметонистааст инро аз ин вазифа гирифтан даркор ба чояш як нафари дигари кор донрр баркарор кардан лозизим...

Мирзо
Киса пур шуд То тамом шиданша тамом шуд боз сар мешавад Заминфуруши

Мансур
Бозингар

Цитата: доно
доно
точно





Қайд: --
Мақом:
Шарҳҳо: 0
Матлаб: 0






Бо ин қарор хонаҳои аз савдо мондаи ро мефурӯшанд. дигар ҳамааш баҳонае беш нест

бе ном
касе дар бораи сатхи зиндагии мардум ва паст будани музи маоши онхо фикр намекунад. Фикр кунед насли чавон баъди 5 сол на зан гирифта меонаду на хона харидан метавонад. Мардуми бечораву мухочирату гариби. Ин омилхо саба мешавад ки мо миллати точик на дар назди худ кадр дорему на дар назди бегонагон. Афсус

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)