"Гурез аз шармандагӣ": Зани бешавҳар тифлашро куштаст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 34-сола, сокини ноҳияи Муъминобод хабар дод, ки дар қатли тифли навзоди худ айбдор мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод 9 ноябр дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки ин зан тифли навзоди худро дар дохили ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиашон партофта, ба ҳалокат расонидааст.
Манобеи “Озодагон” яке аз омилҳои даст ба тифлкушӣ задани модарро “гурез аз шармандагӣ” арзёбӣ мекунанд, чун ин зан кӯдакро дар ҳоле таваллуд намудааст, ки шавҳар надоштааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |