Изи ангушт зимни вуруд-талоши нави Русия алайҳи депортшудаҳо
Хадамоти федералии муҳоҷират-“ФМС”-и Русия эълон кардааст, ки ҳангоми вуруд ба ин кишвар изи ангушти шаҳрвандони хориҷӣ гирифта хоҳад шуд.
Тибқи иттилоияи Хадамоти муҳоҷирати Русия ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди дубораи депортшудаҳо роҳандозӣ мешавад, зеро феълан бисёри хориҷшудаҳо баъди иваз кардани ному насаб ба Русия бармегарданд. Бино бар хабари Хадамоти муҳоҷирати Русия, қарор аст то соли 2020 нуқтаҳои вуруд ба ин кишвар пурра бо таҷҳизоти нави ангуштнигорӣ муҷаҳҳаз шаванд: “Дар Русия 400 нуқтаи вуруд вуҷуд доранд, ки тибқи нақшаи 4-сола, тайи солҳои 2016-2020 бояд пурра бо фанновариҳои нави гирифтани изи ангушт таъмин шаванд”.
Роҳандозии гирифтани изи ангушт ҳангоми вуруд дар ҳолест, ки феълан муҳоҷирони меҳнатии бидуни раводид воридшуда барои дарёфти иҷозаи кор дар Русия бояд тайи 30 рӯз изи ангушт супоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |