Н. Шариф баъди қабули Э.Раҳмон ба мулоқоти Каримов меравад
Навоз Шариф, сарвазири Покистон даҳаи дуюми моҳи ноябр дар пайи қабули Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Исломобод ба Узбакистон сафар хоҳад кард.
Манбаъ аз Вазорати умури хориҷии Покистон иттилоъ додааст, ки сафари Навоз Шариф ба Узбакистон 17 ноябри соли равон сурат хоҳад гирифт: “Дар доираи сафар мулоқоти Навоз Шариф бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ва Шавкат Мирзиёев, нахуствазири ин кишвар дар назар аст. Зимни мулоқот имзои як қатор созишномаҳо ва баррасии ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст”.
Сафари Навоз Шариф ба Узбакистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи равон бо сафари серӯза ба Покистон меравад. Дар ин бора расонаҳои Покистон иттилоъ дода, афзудаанд, ки дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод созишномаҳои дуҷониба дар умури сармоягузорӣ, тиҷорат ва фарҳанг имзо хоҳанд шуд.
Ба иттилои расонаҳо ба пешвози Э.Раҳмон дар Покистон горди фахрӣ саф ороста, аз тӯпҳо 21 бор тир холӣ карда хоҳад шуд. ВАО-и Покистон мегӯянд дар фазои ин кишвар амнияти ҳавопаймои Э.Раҳмонро чор ҳавопаймои ҷангии муосир таъмин хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |