09 ноя 2015 16:39---
Даъвати наваскарон: Ҳукумати Душанбе рост мегӯяд ё Вазорати дифоъ?
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш то имрӯз, 9 ноябр дар ҷумҳурӣ 94 дарсад иҷро гардидааст.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 9-уми ноябр ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол ВМКБ пурра аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон баромада, дар дигар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе даъвати наваскарон идома дорад.
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, то ҳол дар 25 шаҳру навоҳии кишвар нақшаи даъват пурра ба анҷом расонида шудааст: “Нақшаи даъват дар вилояти Суғд 96 дарсад, аз ҷумла дар навоҳии Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ, Қайроқум, Исфара, Истиқлол, Зафаробод, Ғончӣ ва Айнӣ пурра иҷро гардид”.
Маҳмадалиев афзуд, ки нишондоди иҷрои нақша дар ноҳияҳои тобеи марказ - 79 дарсад мебошад: “Дар шаҳри Душанбе - ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ нақшаро пурра ба анҷом расонида, дар маҷмуъ дар пойтахт иҷрои нақша ба 97 фоиз баробар мебошад”.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, нақшаи даъвати наваскарон дар пойтахт пеш аз муҳлат рӯзи 3 ноябр иҷро гардид ва инро нишондоди тарбияи дурусти ватандустӣ миёни сокинони пойтахт арзёбӣ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |