Парвандаи “таблиғӣ”-ҳо: Ҳама раҳо шуданд, ғайр аз “амири тоҷик”
Додгоҳи вилояти Новосибирски Русия парвандаи ҷиноӣ алайҳи 15 узви эҳтимолии гурӯҳи экстремистии “Ҷамоати Таблиғ”-ро қатъ карда, муттаҳамонро баъди ду соли боздошт озод намудааст.
Тибқи иттилои мақомоти Новосибирск муттаҳамон дар узвият ба созмони “Ҷамоати Таблиғ”, ки аз ҷониби амир - Камолиддин Раҳмонов, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон идора мешудаанд, ба далели гузаштани муҳлати ҷиноят аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки парванда алайҳи амир-Камолиддин Раҳмонов аз рӯи иттиҳоми дигар-убури ғайриқонунии марзи Русия идома хоҳад ёфт: “Камолиддин Раҳмонов, ки соли 2012 барои фаъолияти ифротияш аз Русия хориҷ шуда буд, бо шиносномаи қалбакӣ бо номи Иброҳим Ҷурахуҷаев дубора вориди Русия гардид ва соли 2013 бо 15 шарикаш боздошт шуда буд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |