Отамбоев Тоҷикистонро барои депутатҳояш мисоли ибрат хонд
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистонро барои вакилони парлумони кишвараш мисоли ибрат хондааст.
Отамбоев 6 ноябр, ҳангоми суханронӣ дар парлумони кишвараш изҳор доштааст, ки баъзан бозиҳои сиёсии парлумон зарба ба иқтисодиёти кишвар мезананд. Ӯ аз вакилон даъват кардааст, ки аз қабули қонунҳои популистӣ даст бикашанд: “Ин гуна ҳолатҳо набояд такрор шаванд. Ба хотири бозиҳои сиёсӣ иқтисоди кишвар фалаҷ мешавад”.
Ба қавли президенти Қирғизистон намояндагони мардум бояд “зиндагӣ кардан баробари буҷаи худ” ёд бигиранд: “Аз ҳамсояҳои мо, Узбакистон ва Тоҷикистон ибрат бигиред. Намегӯям, ки онҳо аз мардуми мо беҳтар зиндагӣ мекунанд, аммо ҳар ду кишвар имрӯз аз ҳисоби худ нерӯгоҳҳо ва роҳи оҳан месозанд. Ниҳодҳои дифоиро аз буҷаи худ қавӣ мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |