Э.Раҳмон гуфт, аз дурии солҳо дурустии роҳи интихобшуда аёнтар аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро бо 21-умин солгарди қабули Сарқонун, ки 6 ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикияш Сарқонунро чароғи роҳнамо ва бахтномаи халқ хонда, таъкид намуд, ки бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва Ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд: “Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон гузашти солҳо ҳар қадар моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар возеҳу аён мегардад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охир таманно кардааст, ки бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |