Э.Раҳмон сафари ҳайати Аврупо ба Душанберо фоли нек хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5 ноябр дар мулоқот бо аъзои Парлумони Аврупо, ки таҳти раҳбарии Ивета Григуле дар шаҳри Душанбе қарор доранд, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили солгарди қабули Сарқонуни кишвар ташриф овардани ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро фоли нек номида, изҳори бовар намуд, ки сафари онҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду ҷониб такони нави созанда хоҳад дод: “Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷонибдори боэътимоди ҳамкории фарох бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳо бо Аврупо ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо пазируфта шудааст”.
Манбаъ мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид дошт: “Имрӯз дар раванди муноситбатҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ ба мадди аввал мебароянд”.
Ӯ аз ҷумла таъкид кардааст, ки “мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию амниятии кишвари мо ва кулли минтақа бо фарогирии Афғонистон аст”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ҳамчунин атрофи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, доир ба авзои кунунии Ховари Миёна ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле дар навбати худ, изҳор доштааст, ки “мо Тоҷикистонро шарики хуб, боэътимод ва созандаи хеш дар Осиёи Марказӣ медонем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |