Бахшҳо
04 ноя 2015 15:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Депутатҳои тоҷик таъмиру сохтмонҳои пурғалоғулаи шабонаро манъ карданд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 4 ноябр бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ истифодаи шабонаи асбобҳои садобарори таъмирию сохтмониро манъ карданд.

Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бо пешрафти ҷомеа ва ба вуҷуд омадани имкониятҳои моддӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон сохтмони биноҳо ва таъмир зиёд шуда истодааст ва тағйироти мазкур пешбинӣ намудааст, ки аз соати 23-и шаб то 6-и субҳ истифодаи таҷҳизоти садобарори таъмирию сохтмонӣ, ки оромиро халалдор мекунанд, манъ мебошад.

Сафаров афзуд, афроде, ки шабона таҷҳизоти садобарорро дар сохтмонҳо ва ҳангоми таъмир истифода мебаранду боиси халалдор шудани оромии шаҳрвандон мегарданд, ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи Сафаров ташаббускори ин навгонӣ дар қонунгузории кишвар вакили Маҷлиси намояндагон Иброҳим Абдуллозода буда, он ба моддаи 462-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ-халалдор кардани оромӣ марбут мебошад.
Мӯҳр
Ин хамачои Истаравшанро фурухт

Шуҳрат
Ассаламу алайкум. Банда сокини кучаи Раҳмон Набиев ноҳияи Синои ш. Душанбе ҳастам. Хонаи (Дом) мо дар шафати корхонаи АВТОРЕМ ҷойгир мебошад дар ин корхона ками ками 10 то сехҳо кор мекунанд ки то рӯз бе маҳдудияту бе риояи кодекси меҳнат кор карда мардумро хоб кардан намемонанд. Бо наздошти оне, ки тирезаҳо пластик ҳастанд чангу садо намегузарад лекин он кадар баланд аст ки кудакон аз овозаш хоб намекунанд. Маълум аст ки муҳаррикҳои дар ин корхона буда нуқсон дорад ва овози гушхароше мебарорад ки ба майнаи инсон халал ворид мекунад ва чанги сиёҳе мабарорад ки ҳар саҳар аз болои автомошинаҳо маълум аст. Борҳо мардум шикоят карданд аммо аз сабабе ки соҳибмулки корхона аз бачаҳои боло аст ягон чора надидаанд. Дар бобати соати таъмир хохиш ин ки аз соати 23 нею аз соати 21 то 8 саҳар шавад.
Боқи саломат бошед.

Озодагон озод набуди аз бовари баромади

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)