Миллиардери зиндонӣ: Дар Тоҷикистон “Ситӣ Сентр” дорам
Бобак Занҷонӣ, тоҷири боздоштшудаи эронӣ, иддао кардааст, ки дар Тоҷикистон “Ситӣ Сентр” дорад, ки метавонад ба ивази қарзҳояш ба ширкати нафтии “НК” диҳад.
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон Занҷонӣ ин нуктаро дар мурофиаи додгоҳияш, рӯзи душанбеи 2-ноябр изҳор доштааст.
Аммо Ғуломҳусайн Содиқӣ, вакили мудофеи ширкати нафтии “HK”, тобеи ширкати миллии нафти Эрон, ки Бобак Занҷонӣ аз он 1 милиарду 427 миллиону 500 ҳазор евро қарздор аст, иддаои ӯро рад кардааст. Ин вакили мудофеъ изҳор доштааст, “Ситӣ Сентр”, ки Занҷонӣ иддао карда буд дар Тоҷикистон дорад, “як тикка замини кандашуда аст”.
Вакили мудофеи ширкати нафтии “HK” гуфтааст ин иддао фақат як бозӣ аст ва далели пардохтан ба он низ нотавонӣ дар амал ба ваъда аст, ки қаблан мутаҳҳам дар додгоҳ дода буд.
Бобак Занҷонӣ қаблан ҳам дар ҷаласаҳои додгоҳӣ иддао карда буд, ки дар Тоҷикистон як дастгоҳи электронӣ дар зери замин дорад, ки пулиси Тоҷикистон аз он барои гӯш кардани муколамаҳо истифода мекунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин масъаларо расман такзиб карданд.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси вақти Бонки миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист.
Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дубора бо пахши як изҳорот ин иддаи мақомоти тафтишотии Эронро беасос хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |