Бахшҳо

Адвокат таҳдиди худкушии Зарафо Раҳмониро рад кард

Ситора Азизова, вакили дифои Зарафо Раҳмонӣ, узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, гузоришҳо дар мавриди бадрафторӣ нисбати зерҳимояаш ва таҳдиди худкушии ӯро беасос хонд.

Азизова имрӯз, 3 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гузоришҳо аз қавли созмонҳои байналмилалиро, ки гӯиё Зарафо мавриди бадрафторӣ қарор гирифтаасту таҳдиди худкушӣ дорад, беасос хонд: “Ман аз соати 10-и субҳ то ҳозир дар назди Зарафо будам. Ман худам бо сардори боздоштгоҳ суҳбат кардам ва он кас гуфтанд, ки ӯро хуб нигоҳубин мекунанд. Танҳо ӯ аз дурии фарзандонаш шикоят мекунад. Қалбаш низ қаблан бемор будааст. Пагоҳ Зарафо бо хоҳараш вохӯрӣ дорад”.

Вакили дифоъ мегӯяд феълан тафтишот идома дорад ва бегуноҳии зерҳимояаш исбот шуда истодааст.

Ахиран аз қавли созмонҳои байналмилалӣ бо такя ба хоҳари Зарафо Раҳмонӣ дар интернет аз бадрафторӣ нисбати боздоштшуда ва таҳдиди худкушии ӯ хабарҳо паҳн гардиданд.

Зарафо Раҳмонӣ аввалҳои моҳи октябр дар қатори 23 раҳбар ва аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт гардид. Дар иттилоия Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта шуд, ки алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Боздошти аъзои ҲНИТ дар пайи амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири мудофиа, ки ҳамчун “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф буд, сурат гирифт. 25 сентябр Додситонии кулл дар як баёнияи расмӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо “Ҳоҷӣ Ҳалим” муттаҳам намуд ва ба дунболи боздошти аъзои Раёсати олии ҳизб Додгоҳи олӣ ҳизбро террористӣ эълон намуда, фаъолияташро манъ кард.
Мӯҳр
Адвокат
"Танҳо ӯ аз дурии фарзандонаш шикоят мекунад." Ин чумлаи дикташудаи макомот аст ки дар хамаи хабархое ки аз номи зиндоншудахои хнит гуфта шудааст, вучуд дорад. Гуё хеч шикояте надоранд. Вакте хеч кас бо онхо наметавонад озод мулокот кунад вакте Ёров яъне адвокаташонро гирифта бо тухмат зиндон карданд магар ки ба ин дуругхои шумо бовар мекунад????

НАХОД ХАМИН МОДАР ХАМ ТЕРРОРИСТ БОШАД. ХУДОВАНД ИН МОДАРРО НИГАХ ДОРАД.

Магар сардори махбас мегуяд ки бале ман кардам? Магар аз одамонеки ин корро кардаан магар пурсидан ки ин корро карди ё не дуруст аст? Ва оё адвокаташ аз тарафи хукумат таъин шудааст ё адвокати озод аст? Ва хонаводаи худаш гирифтаанд? Чаро бояд ба сардори махбас бовар кунем? Озодагон бо хохари зарафо сухбат кунед хакикатро гуед аз Худо тарсед

Ҷамила
Ана ҳамин корҳои созмонҳои байналмилалӣ - овозаҳои бардурӯғро паҳн кардан.

мардикор
наход бархоли хамин зан модар рахм накунед бо инхо худро мусалмон хисоб мекунанд лекин кофири мутлакхам ин корхои шуморо намекунад худованд золимро дуст намедорад

мухочир
Точикистон кишвпр озод барои хамаи точикистониён хохад шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)