Боздошти адвокати дигари “Сипар”: Барои 10 ҳазор $ “ҳаққи Суди Олӣ”
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти вакили дифоъ-Додаҷонова Дилбар Муҳидиновна, узви Коллегияи адвокатҳои «Сипар» хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилоияи Оҷонсӣ, Додаҷонова бо мақсади дар марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз шаҳрванд «М» маблағӣ пулии 10 000 доллари амрикоӣ гуё ҳамчун ҳаққи хизмати судияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст: “Ӯ санаи 26 октябри соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷуӣ дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани маблағи 5800 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд «М» дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати Додаҷонова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноӣ-яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Боздошти узви коллегияи адвокатҳои “Сипар” дар ҳолест, ки қаблан раиси ин коллегия Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобию сохтакорӣ боздошт шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |