Назорати интиқоли пули нақд миёни Тоҷикистону Русия пурзӯр мешавад
Тоҷикистону Русия созиш кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм назорати пули нақдро, ки шаҳрвандон бо худ интиқол медиҳанд, пурзӯр кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои як қарор созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русияро ба тасвиб расондааст, ки алайҳи қонунӣ гардондани пули тариқи ғайриқонунӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм равона шудааст.
Ба иттилои манобеи “Озодагон” ин созишнома ба ҳамкории иттилоотӣ миёни мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли пули нақд ё воситаҳои пулӣ аз ҷониби шаҳрвандон марбут мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хадамоти гумрук ва дигар мақомоти дахлдори тоҷик дастур додааст, ки барои татбиқи созишномаи мазкур, ки 4 июни соли равон дар Чимкенти Қазоқистон имзо шудааст, чораандешӣ кунанд.
Вазорати умури хориҷӣ вазифадор шудааст, ки ҷониби Русияро дар мавриди анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои амалисозии созишномаи мазкур заруранд, огоҳ кунад.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия наздики 1 миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, ки маблағи онҳо таъминкунандаи асосии рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |