Бозии таърихӣ: Шонси “Истиқлол” барои гирифтани Ҷоми Осиё ва $350 ҳазор?
Бозии даври финалии Ҷоми Осиё-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия, имрӯз, 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки натиҷаи ин бозиро чӣ гуна пешгӯӣ мекунанд?
Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, боварӣ ва умед дорам, ки Ҷом насиби тими “Истиқлол” мегардад. Зеро омодагии дастаи мо дар сатҳи хуб қарор дорад ва дигар ин, ки бозӣ дар майдони мо баргузор мегардад. Дар мавриди тими дастаи “Ҷоҳор Дарул Такзим”-и Малайзия ҳаминро гуфтаниям, ки тими суст ба даври финалӣ намебарояд, онҳо низ омодагии хуб доранд. Ба таври тахминӣ гӯем бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими “Истиқлол” хотима меёбад.
Ибодуллои Тоир, шореҳи варзиш мегӯяд, дар таърихи футболи тоҷик ин бори аввал аст, ки яке аз тимҳои лигаи олии кишвар - дастаи “Истиқлол” ба бозии ниҳоии Ҷоми КФО роҳ ёфт, ки бо дастаи Малайзия бозӣ мекунад. Агар гӯем, ки дар ин ҷо бахт ба рӯи ҳардуи ин дастаҳо хандидааст, ғалат намекунем, зеро ин дастаҳо аз рӯи тақвими бозӣ бояд дар даври нимниҳоӣ бо ду дастаи Қувайт “Ал Қодсия” ва КВ “Қувайт” бозӣ мекарданд, аммо бо иллати хориҷ шудани дастаҳои Қувайт аз ин мусобиқот, дастаҳои Тоҷикистон ва Малайзия бе анҷом додани бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал роҳ ёфтанд. Фикр мекунам ин бозӣ ба нафъи “Истиқлол” хотима меёбад. Агар бо ҳисоби баланд ҳам набошад, бо ҳисоби қаноатбахш соҳиби Ҷом мешавад. Зеро бозӣ дар мизбонӣ мегузарад ва аз он ки бозии сатҳи баланд аст, мухлисони зиёд низ барои дастгирӣ меояд, ки ин як неруи дигаре барои тими мо зам мекунад. Агар аз рӯи нишондодҳои қаблӣ бигирем, “Истиқлол” як дастаи дигари Малайзияро дар ҳамин мусобиқот бо ҳисоби бузург мағлуб карда буд. Дар мавриди тими ҳариф ҳаминро гуфтаниям, ки он сармураббии хеле ботаҷриба дорад ва дастааш низ омода аст. Зеро агар тими камқувват мебуд ба даври нимфинал роҳ намеёфт. Чун “Истиқлол” дастаи ҳариф низ яке аз дастаҳои пешсафи футболи кишвари худ ба ҳисоб меравад.
Саъдӣ Ғоибов, муҳаррири барномаҳои варзишии Радиои Тоҷикистон мегӯяд, аввал ман ҳамчун як тоҷик хоҳони он ҳастам, ки дастаи “Истиқлол” пирӯз гардад. Дар рақобати мазкур дастаи “Истиқлол” ду бурд дорад, якум дар майдони худ бозӣ мекунад, ки алакай майдонро хуб мефаҳманд ва дигар мухлисони зиёд барои дастгирӣ меоянд, ки ин аз ҷиҳати равонӣ бисёр нақши муассир дорад. Дигар чизи нозук ин аст, ки агар “Истиқлол” голи аввалро сар диҳад, ҳеч гоҳ пирӯз намешавад. Зеро аз бозиҳои қаблии даста маълум мегардад, ки агар голи аввалро сар диҳанд, бозигарон ба эҳсосот дода мешаванд ва равиши бозиро гум мекунанд. Бинобар ҳамин онҳоро зарур аст, то голи нахустини бозиро вориди дарвозаи ҳариф созанд. Дастаи ”Ҷоҳор Дарул Такзим” низ хело пурқувват аст, зеро ин даста чанд легионере аз кишварҳое, ки футбол дар он рушд кардааст, амсоли Аргентина ва Бразилия дорад. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими “Истиқлол” хотима хоҳад ёфт.
Муҳаммадсафо Ҳасанов, коршиноси соҳаи варзиш мегӯяд, ин бозии нахустини Ҷоми Осиё аст, ки Тоҷикистон дар даври финалии он иштирок мекунад. Дастаи “Истиқлол” баъд аз бозӣ бо тими “Ал-Қувайт”, ки бо ҳисоби бузург мағлуб шуда буд, умеди иштирок дар даври финалиро аз даст дода буд, аммо баъди оне ки Федератсияи байнулмилалии футбол рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ хориҷ кард, дастаи “Истиқлол”, ки дар даври нимниҳоӣ бояд бо КВ “Қувайт” бозӣ мекард, бе рақобат ба даври финалӣ роҳ ёфт. Имрӯз имконияти бештаре барои дастаи “Истиқлол” фароҳам аст. Якум ин ки дар мизбонӣ бозӣ мекунанд, дуввум ин ки тибқи баъзе маълумот футболи Малайзия дар ҳоли табоҳ аст ва дигар ин ки омодагии тими мо хуб буда дар раддабандии ФИФА болотар аз Малайзия меистад. Агар ба бозиҳои қаблии Тоҷикистон ва Малайзия дар ин мусобиқот назар афканем, маълум аст, ки тими “Истиқлол” дорои нишондодҳои хуб аст ва ман фикр мекунам, ки бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими мо хотима хоҳад ёфт ва ин ғалаба саҳифаи наве дар таърихи футболи тоҷикро боз хоҳад кард.
Боварии коршиносон ба пирӯзии “Истиқлол” дар ҳолест, ки дастаи пирӯзи сабқат дар баробари Ҷоми КВО инчунин 350 ҳазор доллари амрикоиро соҳиб хоҳад шуд. Дастаи мағлуб 250 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |