Зангҳо миёни кишварҳои ИДМ арзон мешаванд
Сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, имрӯз, 30 октябр дар Душанбе созишнома дар бораи алоқаи байналмилалӣ миёни кишварҳои ИДМ-ро ба имзо расонданд.
Николай Никифоров, вазири алоқаю коммуникатсияи Русия, ки дар ин ҳамоиш ҳузур дошт, гуфт, созишномаи мазкур ба ташаккули нархи хизматрасониҳои байналмилалӣ рабт дошта, боиси арзону босифат шудани тамосҳо миёни кишварҳои ИДМ мегардад. Ӯ афзуд, ки созишномаи мазкур табъиз дар сатҳи қонунгузориҳои миллиро аз байн бурда, боиси рушди босуръати соҳаи алоқа мешавад.
Дар маҷмуъ ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, имрӯз дар Душанбе бо имзои 40 санади фарогири соҳаҳои мудофиа, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, робитаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба анҷом расид.
Сарвазирон изҳор доштаанд, ки фаъолияти ИДМ бояд ҷоннок ва самарабахш карда шавад. Дар ҷаласа таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии иттиҳод зоҳир гардидааст.
Сарони ҳукуматҳои ИДМ инчунин дар баробари баррасии масоили сиёсиву иқтисодӣ дар қаламрави иттиҳод, аз шомил шудани ҷавонон ба созмонҳои террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ кардаанд. Сарони ҳукуматҳои ИДМ, дар бораи таҷлили 25 солагии итиҳод, ки соли 2016 баргузор мегардад тасмимҳо гирифта, раҳбарии ИДМ аз Қазоқистон ба Қирғизистон гузаштааст. Ҷаласаи ояндаҳои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи майи соли оянда дар Қирғизистон дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |