“Созиши Э.Раҳмон ва Отамбоев барои кор набурдани харитаҳои куҳна дар марз”
Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки барои аломатгузорӣ ва таъйини марз бо Тоҷикистон аз харитаҳои куҳна истифода нахоҳад шуд.
Маматалиев дар суҳбат бо расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, барои зудтар анҷом додани раванди гуфтугӯ дар мавриди марз мо аз истифодаи харитаҳои куҳна даст кашидем: “Санадҳоеро асос қарор медиҳем, ки дар солҳои 1990, ҳангоми таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил имзо шудаанд”.
Ӯ таъкид намудааст, ки ин тасмим дар дидори Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмаон, раисҷумҳури Тоҷикистон гирифта шудааст.
Муовини нахуствазири Қирғизистон афзудааст, ки “дар Тоҷикистон коммисияи байниҳукуматиро Азим Иброҳим раҳбарӣ мекунад ва мо чанд рӯз пеш бо ӯ ба ин натиҷа расидем, ки дар ин роҳ кор хоҳем кард”.
Ин мақоми қирғиз инчунин аз ҳалли масоили марз тариқи мубодилаи замин суҳбат карда, афзудааст, ҷониби Тоҷикистон ба ин усул чандон дилгармӣ зоҳир накардааст.
Тибқи гуфтаҳои Маматалиев сокинони наздимарзӣ ҳам чунин тарзи ҳалли қазияро мехоҳанд. “Сокинони Ботканд пешниҳод карданд, ки 48 гектар заминро бо ҳамсояҳо мубодила кунанд”.
Ба гуфтаи ноиби сарвазири Қирғизистон 5 ноябр ҳайати Тоҷикистон барои баррасии ин масъала ба Бишкек ва охири моҳи ноябр ҳайати Қирғизистон ба Душанбе сафар хоҳад кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |