Мавъизаи Абдулқодирзода дар Алма-Ато: Қурбони ҳадафҳои сиёсӣ нашавед...(АКС)
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, имрӯз, 30 октябр дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон аз мусалмонон даъват намудааст, ки пайрави идеологияҳои ифротӣ нашаванд.
Абдулқодирзода ва ҳамтоёни дигараш аз Осиёи Марказӣ-муфтии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки имрӯз, 30 ноябр дар анҷумани байналмилалии уламо зери унвони “Созиш ва созандагии Исломи анъанавӣ дар Осиёи Марказӣ” иштирок доранд, аз мусалмонон даъват кардаанд, ки роҳи ваҳдату муътадилиро пеш гирифта, пайрави ақидаҳои ифротии гуруҳҳое нашаванд, ки зери шиорҳои динӣ ғаразҳои сиёсӣ доранд.
Дар ин бора раёсати мусалмонҳои Қазоқистон иттилоъ дода, афзудааст, ки уламои Осиёи Марказӣ инчунин масъалаи баланд бардоштани нақши мазҳаби анъанавӣ, таблиғи арзишҳои умумибашарӣ, эҳёю рушди анъанаҳо ва дарки дурусти дин аз сӯи ҷавононро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар назар аст, ки дар анҷоми анҷуман муфтиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ як эъломияи муштаракро қабул кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |