Худкушии ҷавонзани 22-сола дар Исфара
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз аз ҳодисаи худкушӣ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки 29 октябр дар шаҳри Исфара рух додааст.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки 29-уми октябри соли равон, тахминан соати 10:00 ҷасади ҷавонзани 22-сола дар ҳуҷраи истиқоматияш аз сӯи наздикон дарёфт гардидааст, ки худро ба дор овехтааст. Манбаъ мегӯяд, сабаби ин қазияро мақомоти дахлдор таҳқиқ доранд.
Қаблан мақомот иттилоъ дода буданд, ки танҳо дар ду моҳ-август ва сентябри соли равон наздик ба 40 нафар дар вилояти Суғд даст ба худкушӣ задаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |