Ҳушдори Э.Раҳмон аз буҳрони молию амниятӣ ва вазъи Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 30 октябр сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо ёдоварӣ аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва сиёсию амниятӣ дар минтақа пешниҳодашро дар бораи амалкарди минбаъда ироа кардааст: “Ба андешаи мо, дар баробари нигоҳ доштани робитаҳои гуногунпаҳлу, ИДМ рушди ҳамкории иқтисодӣ ва амниятиро бояд чун самти афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи худ муайян намояд”.
Манбаъ мегӯяд, инчунин таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии иттиҳод зоҳир гардид: “Иштирокдорони мулоқот доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлӯ дар доираи ИДМ изҳори ҳамфикрӣ намуданд”.
Феълан барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе нахуствазирони кишварҳои ИДМ қарор доранд. Аз Узбакистон дар ин ҳамоиш ноиби нахуствазир Адҳам Икромов иштирок дорад. Дар ҷаласа баррасии беш аз 30 масъала дар назар аст ва бештарашон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ бахшида шудаанд: “Аз ҷумла татбиқи созишнома дар мавриди ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ дар ИДМ муҳокима мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |