Таъхиркории БДА дар эълони роҳбандӣ ва норозигии ронандаҳо

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон имрӯз, соати 9:23 дақиқа тариқи сомонаи Вазорати умури дохилӣ хабар додааст, ки барои таъмини амнияти сарони ҳукуматҳои узви ИДМ дар Душанбе роҳҳо баста хоҳанд шуд.
Ин огоҳсозии дери мардум дар ҳолест, ки роҳбандӣ дар Душанбе аз шоми 29 октябр оғоз гардид.
Тибқи иттилои БДА имрӯз, 30 октябр барои таъмини амнияти меҳмонони воломақом дар Душанбе аз соати 08:00 то 09:30-дақиқа ва аз соати 10:00 то 11:00-дақиқа дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Бухоро, хиёбони И.Сомони аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ кӯчаи Шероз, аз кӯчаи Ҷ.Икромӣ то хиёбони Сомонӣ маҳдуд хоҳад шуд: “Инчунин аз соати 15:30-дақиқа то 18:30-дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт қисман аз хиёбони Сино тавассути хиёбонҳои И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, Айнӣ, кӯчаи А.Дониш то фурудгоҳи байналмилалӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад”.
Дар ҳамин ҳол бархе ронандаҳо дар Душанбе аз он шикоят доранд, ки БДА роҳбандиро дер эълон кардааст ва ин боиси саргардониҳои зиёди онҳою мусофиронашон шуд.
Феълан барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе нахуствазирони кишварҳои ИДМ ворид шудаанд. Аз Узбакистон дар ин ҳамоиш ноиби нахуствазир Адҳам Икромов иштирок дорад. Дар ҷаласа баррасии беш аз 30 масъала дар назар аст ва бештарашон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ бахшида шудаанд: “Аз ҷумла татбиқи созишнома дар мавриди ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ дар ИДМ муҳокима мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |