Қотили хоҳар: Ӯ маро аз хона ронду хандид...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти бештари қатли хоҳари 61-сола аз дасти бародари 65-солааш дар назди театри “Наврасон”-и шаҳри Хуҷандро шарҳ дод.
Ба иттилои ин ниҳод Содиқов Раҳим, сокини 65-солаи шаҳри Хуҷанд иқрор шуд, ки тахминан соати 17:00-дақиқаи 13 октябр, дар ҳолати мастӣ, дар назди театри “Наврасон”-и шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша хоҳараш Муътабар Мирзоеваро бо табар ба қатл расондааст. Ӯ сабаби даст задан ба ин ҷиноятро баҳси манзили истиқоматӣ арзёбӣ кардааст.
Раҳим Содиқов дар суҳбат бо муфаттишон изҳор доштааст, ки хоҳараш аз ӯ талаб кардааст, бо хонаводааш хонаи падариро тарк кунад. “Гуфтам агар бо хонаводаамон ба иҷора равам, пулашро кӣ медиҳад? Ӯ хандид ва ман асабӣ шуда, ақламро гум кардаам...”-изҳор доштааст Содиқов.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, муноқиша дар хона оғоз шудааст ва Содиқов хоҳарашро то назди театри “Наврасон” таъқиб карда, ба қатл расондааст.
ВУД аз бетарафии шоҳидон интиқод намуд, ки пеши роҳи марди бахашмомадаро нагирифтаанд ва талоше барои ҷилавгирӣ аз фоҷеа накардаанд: “Феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |