Омбудсмен: Сабаби марги Умаралӣ 14 ноябр эълон мешавад (ВИДЕО)

Светлана Агапитова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Санкт Петербург мегӯяд, сабаби марги Умаралӣ Назаров, шаҳрванди 5 моҳаи Тоҷикистон 14 ноябр эълон хоҳад шуд.
Омбудсмени кӯдак дар суҳбат бо журналистон изҳор доштааст, ки маҳз 14 ноябр натиҷаи ташхиси тиббии марги Умаралӣ маълум хоҳад шуд. Ӯ таъкид намудааст, ки феълан мақомоти тафтишотӣ дар марги Умаралӣ табибонро муттаҳам мекунанд, ки уҳдадориҳои касбияшонро нисбати Умаралӣ дар сатҳи лозимӣ иҷро накардаанд: “Ин барои мо фоҷеа аст. Аммо мо бояд асли қазияро донем, ки чӣ шуд, то дар оянда чунин фоҷеаҳо такрор нашаванд”.
Вазорати тандурустии Русия низ аз оғози санҷиши беморхонаи Симбалинаи Санкт Петербург, ки Умаралӣ шаби 13 ба 14 октябр дар он ҷо ба ҳалокат расид, хабар дод.
Ҳукумати Русия низ ахиран талаб кард, ки қазияи марги Умаралӣ Назаров, шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон дар Санкт Петербург таҳқиқи амиқ шавад.
Дар ин бора ба расонаҳо Олга Голодец, ноиби сарвазири Русия хабар дода, афзудааст, ки “парванда ба Кумитаи тафтишотӣ ирсол шудааст ва тамоми амалиёти тафтишотӣ анҷом дода хоҳанд шуд, зеро ҳаёти кӯдак, ин ҳаёти кӯдак аст ва фарқ надорад, ки ӯ аз куҷосту миллаташ чист?”.
Қаблан Вазорати умури дохилии Русия изҳор дошт, ки дар пайи санҷиш муайян кардааст, ки дар марги Умар Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик маъмурини пулис даст надоранд.
Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
ВИДЕОИ УМАРАЛӢ ДАР ШУЪБАИ ПУЛИС:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |