Телевизиони “Варзиш” коргар меҷӯяд: Маош аз 880 то 1567 сомонӣ...

Раёсати телевизиони “Варзиш”, шабакаи навтаъсиси давлатӣ дар Тоҷикистон барои қабули коргарон озмун эълон намудааст.
Ин шабака эълон кардааст, ки шахсони дорои маълумоти олӣ ва синни аз 23 то 45 сола метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба Хонаи Радио, дар кӯчаи Чапаеви Душанбе пешниҳод кунанд. Масъулин ҳаҷми маоши коргаронро аз 880 сомонӣ то 1567 сомонӣ арзёбӣ карда, таъкид намудаанд, ки санаи охирони пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 1 ноябр мебошад. “Маош барои кормандон аз руйи ихтисосҳо - муҳаррир, коргардон, наттоқ, наворбардор, муҳандису дигарон аз аз 880 сомонӣ 1 ҳазору 567 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Довталабон метавонанд барои маълумоти бештар бо рақамҳои 227 65 69 дар тамос шаванд”.
Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон ҳадди ниҳоии кормандони телевизиони нави давлатӣ-“Варзиш”-ро 113 нафар муайян карда буд, ки аз ҳисоби буҷа маош хоҳанд гирифт.
Тибқи қарори ҳукумат телевизиони нав дар кӯчаи Беҳзод 25 ҷойгир хоҳад шуд ва тӯли 24 соат бо забони давлатию дигар забонҳо барнома пахш мекунад. Ба Вазорати молия дастур дода шудааст, ки аз нигоҳи молиявӣ фаъолияти телевизиони навро аз 1 январи соли 2016 таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |