Ҳукумати Тоҷикистон хостори истифодаи реактори атомӣ шуд
Ҳукумати Тоҷикистон хостори истифодаи реактори ҳастаии “Аргус-ФТИ” шудааст, ки ҳанӯз замони шӯравӣ дар Пажуҳишгоҳи физикӣ-техникии Академияи улум насб гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, 28 октябр дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии Аргус-ФТИ тасдиқ карда шуд.
Масъулини Академияи улум мегӯянд, замони насби ин реактор ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил рост омад ва бо назардошти афкори ҷомеа, ин омил боиси ба таъхир афтодани истифодаи реактор гардид. Аммо олимони тоҷик мегӯянд, ин реактор иқтидори хеле заиф дошта, барои корҳои таҳқиқотӣ истифода хоҳад шуд.
Коршиносон инчунин бо ишора ба захираҳои бузурги уран дар Тоҷикистон энергетикаи ҳастаиро низ дар кишвар ояндадор арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |