Мулоқоти аъзои боздоштшудаи ҲНИТ бо наздиконашон

Наздикони чанде аз аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ахиран иҷозати дидор бо онҳоро дарёфт кардаанд.
Яке аз наздикони боздоштшудаҳо ба имрӯз, 29 октябр ба “Озодагон” гуфт, давоми як ҳафтаи ахир пайвандони наздик ба 10 узви ҲНИТ тавонистаанд, бо онҳо мулоқот намоянд. Ӯ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, “наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Раҳматуллои Раҷаб ва чандеи дигар бо онҳо мулоқот анҷом додаанд. Баъзеашон бо модар, бархеи дигар бо писар ё ҳамсарҳояшон дидор доштаанд”.
Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит дар суҳбат ба “Озодагон” хабари мулоқот бо шавҳарашро тасдиқ карда, гуфт, бо гузашти 42 рӯз аз боздошти ӯ рӯзи чоршанбеи 28 октябр иҷоза вохурӣ гирифт: “Ҳамроҳи хушдоманам ба назди шавҳарам даромадем. Аз ягон чиз шикоят накарда, гуфтанд, ҳамаи хӯрокҳое, ки барояш бурдаем, ба ӯ мерасонанд. Аз саломатиаш ҳам шикоят накард".
Хонум Ҷӯрабекова афзуд, ин дидор ҳудуди ним соат идома дошт ва ҳамсараш танҳо аз дурии наздикон шикоят кардааст. “Гуфт, муносибати кормандони СИЗО бо мо хуб аст. Ягон шикоят надорем”.
Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ба онҳо ваъда шуда, ки рӯзи шанбе, 31 октябр метавонад дар СИЗО-и КДАМ ӯро бубинад.
Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябр аз боздошти 23 раҳбар ва аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дод. Дар иттилоия ин ниҳод гуфта мешуд, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Боздошти аъзои ҲНИТ дар пайи амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири мудофиа, ки ҳамчун “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф буд, сурат гирифт. 25 сентябр Додситонии кулл дар як баёнияи расмӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо “Ҳоҷӣ Ҳалим” муттаҳам намуд ва ба дунболи боздошти аъзои Раёсати олии ҳизб Додгоҳи олӣ ҳизбро террористӣ эълон намуда, фаъолияташро манъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |