Вазири тоҷик дар Самарқанд бо Ҷон Керрӣ мулоқот мекунад
Вазорати умури хориҷии Амрико хабар додааст, ки Ҷон Керрӣ зимни сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанд бо ҳамаи вазирони умури хориҷии ин кишварҳо дидор мекунад.
Дар иттилоияи Департаменти давлатии Амрико омадааст, ки ин дидор дар шакли нави гуфтугӯ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо номи С5+1 баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон вазири умури хориҷӣ, Сироҷиддин Аслов барои иштирок дар мулоқоти С5+1 рӯзи 31 октябр озими шаҳри Самарқанд хоҳад шуд. Дар баробари ин дар назар аст, ки 2 ноябр Ҷон Керрӣ озими Душанбе шуда, бо намояндаҳои аршади ҳукумат масоили дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |